Таҷлили ҷашни Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон дар Брюссел

Дар шаҳри Брюссел дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ба муносибати таҷлили 23-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати бошукӯҳ баргузор гардид. Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Белгия, дар чорабинии идона фаъолони диаспораи тоҷик дар Белгия, намояндагони баландпояи сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла вакилони навинтихоби Парлумони Аврупо, Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Брюссел дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ба муносибати таҷлили 23-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати бошукӯҳ баргузор гардид.

Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Белгия, дар чорабинии идона фаъолони диаспораи тоҷик дар Белгия, намояндагони баландпояи сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла вакилони навинтихоби Парлумони Аврупо, Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат ва корпуси дипломатии муқими Брюссел, марказҳои илмию-тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои аврупоӣ, воситаҳои ахбори омма, дӯстони хориҷии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва гурӯҳи варзишгарони навраси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои иштирок дар Бозиҳои аврупоии махсуси тобистонаи олимпӣ ба кишвари иқомат ташриф овардаанд,  ширкат варзиданд.

Дар баромади худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамватанон шодбош гуфта, перомуни дастовардҳои назарраси кишвар дар давраи истиқлолият, сиёсати созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо маълумот дод.

Дар табрикот ва андешаронии худ дӯстони аврупоии Тоҷикистон аҳамияти махсуси таҳкими Истиқлолияти давлатии кишварро, ки дар он саҳми таърихии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим арзёбӣ гардид, дар пешравии иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати байналмилалии Тоҷикистон қайд намуданд.

Дар рафти чорабинӣ навори видеоии барномаи консертии бахшида ба Истиқлолияти давлатии кишвар, китобу матолиби дахлдор оид ба истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ, таъриху фарҳанги Тоҷикистон, инчунин асарҳои рассомони маъруфи мамлакат, ки табиати биҳиштосои сарзамини тоҷик ва рӯзгору фарҳангу санъати мардуми онро ба тасвир меоранд, намоиш дода шуданд.

Зимни базми идона ба ҳозирин зиёфат аз таому шириниҳои миллии тоҷикӣ пешкаш гардид. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.