Ҳабси афроди машғул ба тайёр кардани сомониҳои қалбакӣ дар Хатлон

Date:



Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ зимни як амалиёти махсус ба гумони даст доштан дар тайёр кардани пулҳои қалбакии асъори миллӣ – сомонӣ се нафар сокинони вилояти Хатлонро ба ҳабс гирифтанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар дод, аз боздоштшудагон – Тоҳир Болтаеви 27-сола, Бахтиёр Мӯрчаеви 22-сола ва Фаридуни Сангинмуродзодаи 22-сола ба миқдори 17 ҳазору 800 сомонӣ пулҳои қалбакӣ дарёфт ва мусодира шудаанд.

«Онҳо пулҳои қалбакии арзишашон 50, 100 ва 200 сомонӣ тайёр намуда, онро дар қаламрави ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Ҷиликӯл ва шаҳри Қӯрғонтеппа истифода мекарданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвнадаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...