Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо,Шариф Раҳимзода бо миссияи Бонки Исломии Рушд (БИР), ки таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонк дар шаҳри Алмаато оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Ҳишам Маъруф ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат, дар аснои мулоқот бо Ҳишам Маъруф атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки мазкур дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод, омӯзиши таҷриба ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, қаблан дар вазорат муовини аввали вазир, Неъматҷон Буриев бо ҳайати намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) мулоқот кард.
Ҳангоми вохӯрӣ масъалаҳои натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли сипаригашта, омилҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар, инчунин ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои БАТР ва имкониятҳои ҳамкорию дар оянда маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳои бахши энергетикии кишвар ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


