Рӯзҳои наздик поинравии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад

Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз фарорасии обуҳавои ноуствуор дар ҷумҳурӣ давоми ду шабонарӯзи оянда маълумот медиҳад. Дар маълумоти обуҳавошиносони тоҷик қайд мешавад, ки рӯзҳои 19-20-уми сентябр дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар буда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ раъду барқ ва борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. «Суръати вазиши шамол […]

ASIA-Plus



Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз фарорасии обуҳавои ноуствуор дар ҷумҳурӣ давоми ду шабонарӯзи оянда маълумот медиҳад.

Дар маълумоти обуҳавошиносони тоҷик қайд мешавад, ки рӯзҳои 19-20-уми сентябр дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар буда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ раъду барқ ва борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад.

«Суръати вазиши шамол аз самти ғарб баъзан то 15-20 метр дар як сония пурзӯр шуда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ чангу ғубор мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар саросари ҷумҳурӣ – 5-6 ва дар вилояти Суғд – то 10 дараҷа поин меравад», – зикр мегардад дар маълумот.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 19-уми сентябр ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона 12-14 дараҷа гарм ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм шуда, рӯзи 20-уми сентябр ҳарорат шабона то 11-13 дараҷа гарм ва рӯзона 27-29 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.