Ҳалокати як тоҷик аз латукӯб дар шуъбаи пулиси Русия

Date:



Аз рӯи далели куштори як шаҳрванди Тоҷикистон нисбати кормандони шуъбаи пулиси шаҳри Солнечногорск парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагоии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим  Аҳмадов хабар дод, муайян карда шудааст, ки кушташуда шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ҷамоати Ғайрати ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Ӯрозов Фаррух Алихоновичи 39-сола аст.

Чанде аз ВАО дар ин робита иттилоъ доданд, ки санҷиш аз рӯи ин далел нисбати кормандони шӯъбаи пулисро Раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав оғоз намуда, кормандони пулис ба лату кӯб ва куштори шаҳрванди Тоҷикистон зимни бозпурсӣ гумонбар дониста мешаванд.

Бино ба иттилои хабаргузориҳо, шоми рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 17-уми сентябр ба шуъбаи пулис дар шаҳри Солнечногорск дар бораи содир шудани ҷинояти таҷовуз ба номус маълумот расида, ба гумони даст доштан дар ин амал шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст.

Дертар ба ин шуъбаи пулис автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ даъват шуда, табибон марги боздоштшударо тасдиқ мекунанд. Дар ҷисми ҳалокшуда табибон осори лату кӯби зиёдеро ошкор мекунанд, ки яқинан ба марги ӯ боис гардидааст. Ба андешаи як манбаъи хабаргузории «Интерфакс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бо эҳтимоли қавӣ боздоштшуда зимни бозпурсӣ ин ҷароҳатҳоро бардоштааст.

«Аз шуъбаи тафтишоти Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав дар шаҳри Солнечногорск ба мо хабар доданд, ки аз рӯи далели марги шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад. Ҷараёни тафтиши ин ҳодиса таҳти назорати сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия қарор дорад», – афзуд Аҳмадов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...