То интихоботи парлумонӣ ҳайати КМИР нав мешавад

Маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳуриро, ки ахири моҳи феврали соли 2015 доир мегардад, ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон баргузор мекунад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати кунунии КМИР моҳи декабри соли 2009 интихоб шуда, моҳи декабри соли равон ваколатҳояш ба […]

Аваз Юлдошев



Маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳуриро, ки ахири моҳи феврали соли 2015 доир мегардад, ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон баргузор мекунад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати кунунии КМИР моҳи декабри соли 2009 интихоб шуда, моҳи декабри соли равон ваколатҳояш ба итмом мерасад.

«Ҳайати нави КМИР Тоҷикистон оид ба интихобот ва раъйпурсӣ барои 5 соли минбаъда низ бо пешниҳоди президенти мамлакат дар муддати се рӯзи баъди таъин шудани санаи баргузории интихоботи парлумонӣ интихоб карда мешавад», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, раиси КМИР, муовинони ӯ ва дигар аъзои комиссия аз нав интихоб гардида, танҳо баъди он ҷараёни ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъавӣ оғоз мегардад. «Мутобиқи қонун, 41 ҳавзаи интихоботии якмандатӣ ва 1 ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ ташкил карда мешаванд», – афзуд Додоев.

Хотиррасон шуд, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.