Аз оғози сол барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун 95 млн. $ харҷ шуд

Дар зарфи 8 моҳи соли равон барои корҳои сохтмону таъмир ва азнавсозии нерӯгоҳи Роғун 474,3 млн. сомонӣ (тақрибан 95 млн. $) маблағ харҷ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 202 млн. сомонӣ (беш аз 40 млн. $) зиёдтар аст. Қобили зикр аст, ки соли 2014 ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри амалисозии лоиҳаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар зарфи 8 моҳи соли равон барои корҳои сохтмону таъмир ва азнавсозии нерӯгоҳи Роғун 474,3 млн. сомонӣ (тақрибан 95 млн. $) маблағ харҷ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 202 млн. сомонӣ (беш аз 40 млн. $) зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки соли 2014 ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри амалисозии лоиҳаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз буҷети давлатӣ ҷудо кардани 1 млрд. 400 млн. сомонӣ маблағро ба нақша гирифтааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 ба андозаи 33% бештар аст.

Давоми моҳҳои январ-августи соли 2014 дар сохтмони иншооти энергетикӣ дар маҷмӯъ 702,7 млн. сомонӣ (беш аз 140 млн. $) маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ азхуд шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ҳаҷми сармоягузориҳо ба сохтмони иншооти электроэнергетикӣ 131,6%-ро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки тайи 8 моҳи соли ҷорӣ дар сохтмони иншооти таъиноти истеҳсолӣ – беш аз 2 млрд. сомонӣ ва иншооти ғайриистеҳсолӣ – зиёда аз 1,9 млрд. сомонӣ сармоягузориҳо азхуд шудаанд.

Гуфта мешавад, дар бахши нақлиёту алоқа маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми 685 млн. сомонӣ ё худ 1,6 маротиба зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта азхуд шудаанд. Аз ин ҳисоб 314 млн. сомониашро маблағҳои корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва 370 млн. сомониашро сармоягузориҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.