Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва сиёсати Осиёи Марказӣ дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе бахшида ба рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон семинар барпо мекунад. Оғоз соати 09-00; – Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти содиротии «Минтақаи Синтзя-Уйғури Чин – Тоҷикистон 2014» ба кор шурӯъ мекунад. Оғоз соати 10-00; – Дар осорхонаи Гурминҷ […]

ASIA-Plus



Анонс






Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва сиёсати Осиёи Марказӣ


дар меҳмонхонаи «Серена»-и


шаҳри Душанбе бахшида ба рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон семинар барпо мекунад.


Оғоз соати 09-00;

– Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти содиротии «Минтақаи Синтзя-Уйғури Чин – Тоҷикистон 2014» ба кор шурӯъ мекунад. Оғоз соати 10-00;

– Дар осорхонаи Гурминҷ консерти рок-гурӯҳи «Зафар» баргузор мешавад. Оғоз соати 18-00. Нархи билет – 20 сомонӣ.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9950

сомонӣ;


1

евро –

6.4261

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1


304



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1940 —

Оғози сохтмони канали калони Ҳисор.


2010

— Дар дараи Камароби ноҳияи Рашт қатораи автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҶТ мавриди тирпарронӣ қарор гирифт. Дар ҷойи ҳодиса 23 нафар афсарону сарбозон ҳалок ва 17 нафари дигар захмӣ шуданд.


1953

– Зодрӯзи сароянда Абдураҳим Шерматов.


1957

– Мавлуди нависанда Сипеҳри Ҳасанзод.


1959

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 300 метр барф), раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад (дар баландии зиёда аз 300 метр барф).      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +3+8, рӯзона +23+28;  дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +10+15.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 300 метр барф), раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, чангу ғубор мефарояд.  

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +21+23.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +21+23.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.