Боздошти корманди сарраёсати консулгарии ВКХ Тоҷикистон ба гумони порагирӣ

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар порагирӣ корманди саррраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро бо далели шайъӣ боздошт намуданд. Дар ин бора имрӯз радиои «Озодӣ» хабар медиҳад. Боздоштшуда Далер Нақибов дар гирифтани пора ба мабалғи ниҳоят зиёд ба миқдори 4 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешавад. Замони боздошт ва чӣ […]

ASIA-Plus



Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар порагирӣ корманди саррраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро бо далели шайъӣ боздошт намуданд. Дар ин бора имрӯз

радиои «Озодӣ»

хабар медиҳад.

Боздоштшуда Далер Нақибов дар гирифтани пора ба мабалғи ниҳоят зиёд ба миқдори 4 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешавад. Замони боздошт ва чӣ муддат дар ҳабс қарор доштани Далер Нақибов алҳол маълум нест.

Ба иттилои радиои «Озодӣ», дар чаҳорчӯби ин парванда сардори сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ Манучеҳр Маҳками Маҳмудзода низ мавриди бозҷӯии мақомоти тафтишот қарор дорад.

Котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Абдулфайз Атоев ин далелҳоро рад намуда, изҳор доштааст, ки «ин ҳама дурӯғ аст».

Зимнан зикр мегардад, ки Манучеҳр Маҳмудзода писари раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Маҳкамбой Маҳмудов аст. Замоне,ки собиқ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифов ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар ИМА фаъолият дошт, Манучеҳр Маҳмудзода консулгарии генералии Тоҷикистон дар Вашингтонро роҳбарӣ мекард.

Соли 2013 Маҳмудов ба ҷойи Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ин вазифа таъин шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.