Ҳалокати як тоҷик аз латукӯб дар шуъбаи пулиси Русия

Аз рӯи далели куштори як шаҳрванди Тоҷикистон нисбати кормандони шуъбаи пулиси шаҳри Солнечногорск парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагоии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим  Аҳмадов хабар дод, муайян карда шудааст, ки кушташуда шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ҷамоати Ғайрати ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Ӯрозов Фаррух Алихоновичи 39-сола аст. Чанде аз ВАО дар […]

Аваз Юлдошев



Аз рӯи далели куштори як шаҳрванди Тоҷикистон нисбати кормандони шуъбаи пулиси шаҳри Солнечногорск парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагоии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим  Аҳмадов хабар дод, муайян карда шудааст, ки кушташуда шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ҷамоати Ғайрати ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Ӯрозов Фаррух Алихоновичи 39-сола аст.

Чанде аз ВАО дар ин робита иттилоъ доданд, ки санҷиш аз рӯи ин далел нисбати кормандони шӯъбаи пулисро Раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав оғоз намуда, кормандони пулис ба лату кӯб ва куштори шаҳрванди Тоҷикистон зимни бозпурсӣ гумонбар дониста мешаванд.

Бино ба иттилои хабаргузориҳо, шоми рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 17-уми сентябр ба шуъбаи пулис дар шаҳри Солнечногорск дар бораи содир шудани ҷинояти таҷовуз ба номус маълумот расида, ба гумони даст доштан дар ин амал шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст.

Дертар ба ин шуъбаи пулис автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ даъват шуда, табибон марги боздоштшударо тасдиқ мекунанд. Дар ҷисми ҳалокшуда табибон осори лату кӯби зиёдеро ошкор мекунанд, ки яқинан ба марги ӯ боис гардидааст. Ба андешаи як манбаъи хабаргузории «Интерфакс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бо эҳтимоли қавӣ боздоштшуда зимни бозпурсӣ ин ҷароҳатҳоро бардоштааст.

«Аз шуъбаи тафтишоти Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав дар шаҳри Солнечногорск ба мо хабар доданд, ки аз рӯи далели марги шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад. Ҷараёни тафтиши ин ҳодиса таҳти назорати сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия қарор дорад», – афзуд Аҳмадов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.