Омодагирии Тоҷикистон ба форуми байнипарлумонӣ бо Русия

Чанде қабл таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи нахусти кумитаи тадорукот оид ба баргузории форуми чоруми байнипарлумони «Тоҷикистон-Русия – энергияи ҳамкории минтақавӣ» ва конфронси сеюми ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ҳарду кишвар баргузор шуд. Ин чорабиниҳо рӯзҳои 22-15-уми октябр дар шаҳри Маскав доир мегарданд. Ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шавкат Саидов […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи нахусти кумитаи тадорукот оид ба баргузории форуми чоруми байнипарлумони «Тоҷикистон-Русия – энергияи ҳамкории минтақавӣ» ва конфронси сеюми ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ҳарду кишвар баргузор шуд. Ин чорабиниҳо рӯзҳои 22-15-уми октябр дар шаҳри Маскав доир мегарданд.

Ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни баррасии масоили марбут ба ин чорабиниҳо, М.Убайдуллоев ба аъзои кумитаи тадорукот, ки ба ҳайати он муовинони нахуствазир, роҳбарони чанде аз вазорату идораҳо, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ шомиланд, ҷиҳати омодагии дақиқ дастур дода, таъкид дошт, ки рушди робитаҳо миёни минтақаҳои ҳарду кишвар ба рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва афзоиши назарраси ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия мусоидат мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар чорабиниҳои мазкур атрофи масъалаҳои густариши робитаҳо байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия, роҳандозии ҳамкориҳо дар таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, соҳаҳои бонкдорӣ, сармоягузорӣ, бахши кишоварзӣ, муҳоҷират ва ҳамкориҳои гуманитарӣ табодули назар хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.