Дар зарфи 8 моҳи соли равон барои корҳои сохтмону таъмир ва азнавсозии нерӯгоҳи Роғун 474,3 млн. сомонӣ (тақрибан 95 млн. $) маблағ харҷ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 202 млн. сомонӣ (беш аз 40 млн. $) зиёдтар аст.
Қобили зикр аст, ки соли 2014 ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри амалисозии лоиҳаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз буҷети давлатӣ ҷудо кардани 1 млрд. 400 млн. сомонӣ маблағро ба нақша гирифтааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 ба андозаи 33% бештар аст.
Давоми моҳҳои январ-августи соли 2014 дар сохтмони иншооти энергетикӣ дар маҷмӯъ 702,7 млн. сомонӣ (беш аз 140 млн. $) маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ азхуд шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ҳаҷми сармоягузориҳо ба сохтмони иншооти электроэнергетикӣ 131,6%-ро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки тайи 8 моҳи соли ҷорӣ дар сохтмони иншооти таъиноти истеҳсолӣ – беш аз 2 млрд. сомонӣ ва иншооти ғайриистеҳсолӣ – зиёда аз 1,9 млрд. сомонӣ сармоягузориҳо азхуд шудаанд.
Гуфта мешавад, дар бахши нақлиёту алоқа маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми 685 млн. сомонӣ ё худ 1,6 маротиба зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта азхуд шудаанд. Аз ин ҳисоб 314 млн. сомониашро маблағҳои корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва 370 млн. сомониашро сармоягузориҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд.


