Анонс
–
Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва сиёсати Осиёи Марказӣ
дар меҳмонхонаи «Серена»-и
шаҳри Душанбе бахшида ба рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон семинар барпо мекунад.
Оғоз соати 09-00;
– Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти содиротии «Минтақаи Синтзя-Уйғури Чин – Тоҷикистон 2014» ба кор шурӯъ мекунад. Оғоз соати 10-00;
– Дар осорхонаи Гурминҷ консерти рок-гурӯҳи «Зафар» баргузор мешавад. Оғоз соати 18-00. Нархи билет – 20 сомонӣ.
Қ
урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
4.9950
сомонӣ;
1
евро –
6.4261
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1
304
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
1940 —
Оғози сохтмони канали калони Ҳисор.
2010
— Дар дараи Камароби ноҳияи Рашт қатораи автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҶТ мавриди тирпарронӣ қарор гирифт. Дар ҷойи ҳодиса 23 нафар афсарону сарбозон ҳалок ва 17 нафари дигар захмӣ шуданд.
1953
– Зодрӯзи сароянда Абдураҳим Шерматов.
1957
– Мавлуди нависанда Сипеҳри Ҳасанзод.
1959
– Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 300 метр барф), раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад (дар баландии зиёда аз 300 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +3+8, рӯзона +23+28; дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +10+15.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 300 метр барф), раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +21+23.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +21+23.


