Таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муаллифон дар Вазорати фарҳанг

Ахири ҳафтаи равон дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷаласа оид ба таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муаллифон баргузор гардид.      Тавре хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ иттилоъ медиҳад, мақсад аз таъсиси Шӯро пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф, ҳамкории мақомоти дахлдор, муассисаву идораҳое, ки бевосита бо пешгирии вайрон кардани ҳуқуқ дар ин соҳа […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи равон дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷаласа оид ба таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муаллифон баргузор гардид.  

  

Тавре хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ иттилоъ медиҳад, мақсад аз таъсиси Шӯро пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф, ҳамкории мақомоти дахлдор, муассисаву идораҳое, ки бевосита бо пешгирии вайрон кардани ҳуқуқ дар ин соҳа фаъолият мекунанд, беҳтар намудани ҳифзи манфиатҳои муаллифон ҳангоми истифодаи асарҳои онҳо, омӯзиши санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрие, ки муносибатҳои байни муаллифонроба танзим медарорад, халлу фасли мушкилоти соҳа ва дигар масъалаҳо, мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, фарҳанг, кумитаи телевизион ва радио, иттифоқҳои эҷодӣ, ки бевосита бо пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ саҳм мегиранд иштирок намуда, оиди беҳтар ба роҳмондани кор дар масъалаи ҳимояи ҳуқуқи муаллиф андешаронӣ карданд.

Гуфта мешавад, иштирокчиёни ҷаласа дар бораи нақши вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иттифоқҳои эҷодӣ дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва дигар самтҳои фаъолият сухан карда, оид ба он тадбирҳое, ки барои беҳбуди кор андешида мешаванд ибрози назар намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳайати Шӯро ва лоиҳаи Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муаллифон барои соли 2014 тасдиқ гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.