Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – 20 сентябр дар «Кохи Борбад» намоишгоҳ-ярмаркаи «Чин – Тоҷикистон 2014» ба кори худ идома медиҳад; – 20 сентябр бахшида ба Рӯзи ихтирои велосипед (дучарха) дар варзишоҳи «Спартак»-и пойтахт фестивали велосипедҳо доир мегардад. Оғоз соати 09-00; – 20 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ дар доираи чорабиниҳои Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон ду фестивали […]

ASIA-Plus



Анонс


– 20 сентябр

дар «Кохи Борбад» намоишгоҳ-ярмаркаи «Чин – Тоҷикистон 2014» ба кори худ идома медиҳад;


– 20 сентябр

бахшида ба Рӯзи ихтирои велосипед (дучарха) дар варзишоҳи «Спартак»-и пойтахт фестивали велосипедҳо доир мегардад. Оғоз соати 09-00;


– 20 сентябр

дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ дар доираи чорабиниҳои Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон ду фестивали футбол баргузор мешавад, ки дар он кӯдакони ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа ширкат меварзанд;


-21 сентябр

соати 14-00 дар Хонаи кино (собиқ кинотеатри «Зебуннисо») иттиҳодияи ҷамъиятии «Ҷавонони асри 21» дар ҳамдастӣ бо ширкати мултимедиавии «Ангор» маросими муаррифии нахусти филми тасвирӣ дар шакли 3D «Сказки Айры» (Афсонаҳои Айра)-ро барпо мекунанд. Арзиши билет – 5 сомонӣ. Телефон барои дарёфти маълумоти иловагӣ: 918 24 60 93;


– 21 сентябр

дар Маркази исмоилоияи Душанбе аз соати 14-00 то 17-00 маросими намоиши Икэбана ва Кимоно аз маҷмӯи сарулибоси хонум Мидори Ямада – президенти филиали Икэбана Икэнобо  дар Русия ва кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад;


– 22 сентябр

дар Варшава машварати дуҳафтаинаи САҲА оид ба баррасии масъалаи аз ҷониби кишварҳои узв ба иҷро расидани уҳдадориҳо дар бахши «рушди инсонӣ» ба кор шурӯъ мекунад, ки ҳайати Тоҷикистон низ дар он ҳузур хоҳад дошт.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9984

сомонӣ;


1

евро –

6.4005

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1298

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


20 Сентябр


1924

– Дар Душанбе шуъбаи нахустини почтаву телеграф кушода шуд.


2004

– Парвандаи Ёқуб Салимов ба Суди олӣ ирсол гардид. Ба ӯ мутобиқи шаш моддаи КҶ ҶТ айбнома пешниҳод шуд.


1909-1993

– Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Ҷалол Икромӣ.


1916-1986

– Мавлуди актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тӯтӣ Ғаффорова.


1930-2006

– Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Абдулло Назриев.


1945

– Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ, муаллифи матни Гимни давлатии ҶТ Гулназар Келдӣ.


1946-2010

– Зодрӯзи дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Музаффар Неъматов.


1947

– Мавлуди доктори улуми иқтисодӣ, профессор Амир Катаев.


21 Сентябр


1949

– Ифтитоҳи Даҳаи адабиёти тоҷик дар Маскав.


2000

– Анҷоми мандати Қувваҳои дастаҷамъии ҳомии сулҳ дар ҶТ.


2001

– Маросими ба истифода додани қитъаи роҳи мошнигарди Мурғоб-Қулма доир гардид, ки роҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғобро бо шоҳроҳи Қарақорум мепайвандад.


2006

— Дар Душанбе корхонаи муштараки истеҳсоли тракторҳои Тоҷикистону Эрон «ТоҷИрон» ба кор даромад.


1912-1983

– Зодрӯзи актёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Павел Суханов.


1918

– Мавлуди актёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мирзо Мадаминов.



Вазъи обуҳаво


20-уми сентябр


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +21+26.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 300 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +15+20.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +5+10, рӯзона +22+27;  дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +9+14.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 300 метр барф), раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +19+24.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор мефарояд.  

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +25+27.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +30+32.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +26+28.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +22+24.


21-уми сентябр


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +24+29.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, 22/09 дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 300 метр барф), раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +19+24.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +5+10, рӯзона +24+29;  дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +9+14.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, 22/09 дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 300 метр барф), раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +24+29.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +27+29.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.