Ситоиши Имоми Акбар ва Шайхи Азҳари Шариф аз ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон

Имоми Акбар ва Шайхи Азҳари Шариф д-р Аҳмад Тайиб Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозириро дар қароргоҳи худ дар Қоҳира ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Қоҳира, дар мулоқоти мазкур, ки дар он инчунин Вазири авқофи Миср ҳузур дошт, дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Азҳари Шариф баррасӣ гардид. Гуфта […]

ASIA-Plus



Имоми Акбар ва Шайхи Азҳари Шариф д-р Аҳмад Тайиб Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозириро дар қароргоҳи худ дар Қоҳира ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Қоҳира, дар мулоқоти мазкур, ки дар он инчунин Вазири авқофи Миср ҳузур дошт, дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Азҳари Шариф баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, Шайхи Азҳар аз ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба бузургдошти Имоми Аъзам Абу Ҳанифа ёдовар шуда, нақши он ибтикорро дар тарғиби арзишҳои ростини дини мубини Ислом, ки хушунату тундгароиро намепазирад, сутуд.

Зимнан зикр гардид, ки Шайхи Азҳар барои тақдими китоби Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар ойинаи таърих”, ки дар Миср дар чаҳор ҷилд ба забони арабӣ чоп шудааст, изҳори сипос намуд. Ҷилди чаҳоруми китоби мазкур ба давраи исломии таърихи тоҷикон ихтисос дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд 7,3% болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2026 пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов