Ба меҳмонхонаи «Шератон» 8,8 млн. сомониро бахшиданд

Дар иҷлосияи шашуми палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ вакилон ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2014» тасҳеҳ ворид намуданд. Зимни суханронӣ назди вакилон муовини вазири молияи Тоҷикистон Аъламхон Наимӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ҳукумат аз вакилон дархост намудааст, ки замоне масолеҳи сохтмон ва таҷҳизоти воридшуда ба Душанбе […]

Аваз Юлдошев



Дар иҷлосияи шашуми палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ вакилон ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2014» тасҳеҳ ворид намуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон муовини вазири молияи Тоҷикистон Аъламхон Наимӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ҳукумат аз вакилон дархост намудааст, ки замоне масолеҳи сохтмон ва таҷҳизоти воридшуда ба Душанбе барои сохтмони меҳмонхонаи «Шератон»-ро аз пардохти маблағи андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомбилӣ озод кунанд. Меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон» санаи 6-уми сентябр бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ба гуфтаи Наимӣ, барои сохтмони меҳмонхонаи «Шератон» аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 37 млн. сомонӣ масолеҳи сохтмон ва таҷҳизоти гуногун ворид шуда, маблағи умумие, ки аз ин ҳисоб аз пардохти андозҳо озод карда мешавад, 8,8 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ зикр кард, ки ду сол қабл бо пешниҳоди ҳукумат парлумон яке аз меҳмонхонаҳои панҷситорадори дар Душанбе мавриди сохтмон қарордоштаро аз пардохти андоз озод карда буд.

«Он замон ба саволи ман оид ба аз кадом вақт меҳмонхонаҳо барои мо иншооти стратегӣ шудан ва аз пардохти андоз озод накардани истеҳсолкунандагони ватанӣ роҳбари Вазорати молия посух дода буд, ки ин меҳмонхонаи охиринест, ки соҳибмулконаш аз пардохти андоз озод карда мешаванд ва ногаҳон имрӯз ба мо боз аз пардохти андоз озод кардани меҳмонхонаи навбатиро пешниҳод мекунанд», – изҳори тааҷҷуб кард М.Кабирӣ дар ҷараёни иҷлосия.

Дар ҳамин ҳол, Наимӣ дар навбати худ ба Кабирӣ иттилоъ дод, ки соли оянда низ боз як меҳмонхона бунёдмешуда дар Душанбе аз пардохти андозҳо озод карда мешавад. «Ва бо ҳамин тамом. Дигар чунин меҳмонхонаҳо вуҷуд нахоҳанд дошт», – итминон дод ӯ.

Муовини вазири молия бовар дорад, ки аз пардохти андоз озод кардани сохтмони меҳмонхонаҳо ба рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ такон мебахшад. «Ғайр аз ин, ҳукумати Тоҷикистон баъзе дигар соҳаҳоро ҳам аз пардохти андозҳо озод мекунад, ки маблағи умумии аз пардохти андозҳо озод кардан соли равон беш аз 4 млрд. сомониро ташкил медиҳад», – афзуд Аъламхон Наимӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.