Э.Раҳмон: Тоҷикистон ба густариши муносибатҳо бо Чин нияти қатъӣ дорад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 65-умин  солгарди  рӯзи ташкилёбии Ҷумҳурии  Мардумии  Чин ба раиси ин кишвар Син Ҷинпин барқияи табрикотӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «Чини  дӯст  дар  ин   давра  дар  амри  рушди  иқтисодиёт ва шукуфоии  фарҳангу  маориф  муваффақиятҳои  таъсирбахш  ба даст  […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 65-умин  солгарди  рӯзи ташкилёбии Ҷумҳурии  Мардумии  Чин ба раиси ин кишвар Син Ҷинпин барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «Чини  дӯст  дар  ин   давра  дар  амри  рушди  иқтисодиёт ва шукуфоии  фарҳангу  маориф  муваффақиятҳои  таъсирбахш  ба даст  овард. Чин  дар  арсаи  ҷаҳон  эътибори  шоиста  касб  намуда, барои  таъмини  сулҳ ва амнияту   суботи  ҷаҳон ҷаҳд мекунад».

«Муносибатҳои ҳамсоягии  нек ва  дӯстона бо  Чин  ҳамеша  авлавиятҳои  асосии   хориҷӣ  буданд  ва  мебошанд. Мо онҳоро  ба  дараҷаи баланд қадру эҳтиром  карда,  барои  таҳкиму  густариши   минбаъдаи   муносибатҳои  мушорикати стратегӣ бо  Чин саъю  кӯшишҳои  зиёдеро ба  харҷ  дода  ва  ба мунтазам ғанӣ  гардидан ва рушду  густариш  ёфтани  онҳо ҳиссаи  худро  мегузорем», – омадааст дар барқия.

Дар идома қайд мешавад, ки Эъломияи  ба  қарибӣ имзокарда миёни кишварҳо  дар  бораи густариши  муносибатҳои  мушорикати   стратегӣ  ва  Барномаи   қабулшудаи  ҳамкорӣ то  соли  ду  ҳазору бистум  аз  ин  шаҳодат  медиҳад. «Мо тайёрем, ки  муколамаи  доимию эътимодомези сиёсиро  ба  манзури  рушду  такмили  муносибатҳои  байни  ду  кишвар  дар  ҳамаи   бахшҳое, ки  диққати  тарафайнро ба  худ  ҷалб  мекунанд,  минбаъд  ҳам  вусъат  бахшем», – таъкид мекунад Э.Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон саҳми  бебаҳои  Син Ҷинпин дар  рушди  муносибатҳои  Тоҷикистону  Чинро таъкид дошта, зикр мекунад, ки ба  туфайли   саъю  кӯшишҳои  ӯ вақтҳои  охир  муносибатҳои  дуҷониба   аз  бисёр  ҷиҳат  қувваи  назаррас  ба  даст  оварданд, ки  ин  ба пурратар  дарёфт  намудани  неруи  ҳамкории  судманди  миёни  ду  кишвар  мусоидат  намуд. «Аминам, ки  татбиқи  амалии  ҳуҷҷатҳои  имзошуда  дар  ҷараёни  ташрифи  давлатии  ба  қарибӣ   суратгирифтаи  Шумо  ба  Тоҷикистон  ва  оғози  татбиқи  лоиҳаҳои   калонҳаҷме, ки  дар  бахшҳои  мухталифи  иқтисодиёти  Тоҷикистон амалӣ  мешаванд,  ба ҳамкории самарабахши  ду  кишвар қувваи  бузург  бахшида ва сатҳи ҳамкориамонро  ба қуллаҳои  нав  мебардоранд, ки  ба  имконоти  ғанитарини  муносибатҳои  дуҷонибаамон  мувофиқанд», – баён мегардад дар барқия.

Ҳамчунин  ҳамкории  судманди Тоҷикистону  Чин  дар  ҳошияи  СҲШ, ки  Чин  ҳам дар  он ҷонибдори  фаъоли  ҳамгироӣ ва рушди ҳамаҷонибаи   муносибатҳои  байни  давлатҳои  аъзо  аст, бо  камоли  қаноатмандӣ  иброз  карда мешавад.

«Аз ин  имконият истифода бурда,  мехоҳам  бори дигар  қайд  намоям, ки Тоҷикистон  нияти қатъӣ  дорад, ки  бахшҳои  ҳамкориро  бо Ҷумҳурии   Мардумии  Чин, ки ҷавобгӯи манофеи  асосии  ҳар  ду  давлату халқҳо  ва ҳифзи  амнияту   суботи  минтақа  аст, рушду  густариш  бахшад», – гуфта мешавад дар барқия. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.