Натиҷагирӣ аз амалиёти «Кӯкнор-2014» дар вилояти Суғд

Рӯзи 30-юми сентябр дар маҷлисгоҳи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Ситоди кории амалиёти «Кӯкнор-2014» оиди ҷамбасти марҳилаи якуми амалиёт дар қаламрави вилояти Суғд таҳти сарварии муовини якуми Раиси вилояти Суғд Сангинов Ҷ.Р., бо иштироки сардорони ситодҳои кори вилоятии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва Ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти […]

ASIA-Plus



Рӯзи 30-юми сентябр дар маҷлисгоҳи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Ситоди кории амалиёти «Кӯкнор-2014» оиди ҷамбасти марҳилаи якуми амалиёт дар қаламрави вилояти Суғд таҳти сарварии муовини якуми Раиси вилояти Суғд Сангинов Ҷ.Р., бо иштироки сардорони ситодҳои кори вилоятии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва Ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, Сардори РАНМН полковники х.н.м.н Ҳотамӣ М.М. баромад намуда, қайд кард, ки дар давраи аз 20 май то 31 августи соли ҷорӣ дар рафти гузаронидани марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2014» ҳамагӣ 46 парвандаи ҷиноятӣ марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шуд. Аз гардиши ғайриқонунӣ 128 кг 799,93 грамм воситаҳои нашъаовар (ки нисбат ба ҳамин давраи амалиёти «Кӯкнор-2013» 57 кг 680,59 грамм зиёд мебошад), аз ҷумла 61 кг 076,33 грамм героин, 15 кг 613,5 грамм афюн, 52 кг 100,6 грамм гурӯҳи «бангдона» мусодира карда шуд. Аз тарафи гурӯҳҳои оперативи–ҷустуҷӯии созмоншуда, 56 ҳодисаи сабзиши бангдонаи худрўй ошкор гашта, 1 милиону 031 хазору 805 бех растании худрӯи бангдона дарёфт ва бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуд.

Соли гузашта дар ҷараёни амалиёти «Кӯкнор-2013» аз ҷониби гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии созмондодашуда 46 ҳодисаи сабзиши бангдонаи худрӯй ошкор карда шуда, дар майдони 9,87 гектар, 800 ҳазору 696 бех растаниҳои худрӯйи бангдона дарёфт намуда, бо роҳи оташ задан несту нобуд карда шуд.

Дар ҷаласаи мазкур дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдоштаи марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор – 2014» дар қаламрави вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов