Истиқболи ПСС ҶТ аз таъсиси Шӯро бо палатаҳои Афғонистону Покистон ва Қирғизистон

Дар вохӯрӣ бо роҳбари лоиҳаи USAID оид ба савдо ва мусоидат ба Афғонистон (АТАР) дар ҶТ Ҷули Лиф раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикисон (ПСС ҶТ) Шариф Саид изҳор намуд, ки пешниҳоди таъсиси Шӯрои муштараки муттаҳида миёни Палатаҳои савдо ва саноати Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад. Бино ба иттилои хадамоти матбуот ПСС ҶТ, […]



Дар вохӯрӣ бо роҳбари лоиҳаи USAID оид ба савдо ва мусоидат ба Афғонистон (АТАР) дар ҶТ Ҷули Лиф раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикисон (ПСС ҶТ) Шариф Саид изҳор намуд, ки пешниҳоди таъсиси Шӯрои муштараки муттаҳида миёни Палатаҳои савдо ва саноати Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуот ПСС ҶТ, дар ҷараёни мулоқоти мазкур масъалаи имзои минбаъдаи созишномаи чаҳорҷониба дар бораи ҳамкорӣ дар бахши савдо миёни Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Федератсияи ПСС Покистон баррасӣ шудааст.

Ҷули Лиф зикр кардааст, ки яке аз вазифаҳои муҳими лоиҳаи АТАР дастгирӣ ва мусоидат ба рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, беҳбуд ва афзоиши имконоти содиротии минтақа аст.

Шариф Саид ба дастгирии ҳамаҷониба дар рушду таҳкими ҳамкории бисёрҷониба ва таъсиси Шӯрои муштараки муттаҳида миёни Палатаҳои савдо ва саноати ин кишварҳо омодагӣ изҳор намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.