Пешниҳод ба роҳбарони кишварҳои ОМ ҷиҳати таваҷҷуҳ ба рушди бахши ҳунармандӣ

Барои ҷалб намудани диққат ба ниёзи бахши ҳунармандӣ дувоздаҳ мутахассис ва тарафҳои ҳавасманд ба роҳбарони давлатҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон қарордоди умумиро пешниҳод намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, дар дархости якҷоя натиҷаҳои конфронси байналхалқии “Ҳамкории минтақавӣ ҳамчун рукни асосии пешбарии ҳунармандии Осиёи Марказӣ дар бозорҳои фурўшии байналхалқӣ” баён […]

ASIA-Plus



Барои ҷалб намудани диққат ба ниёзи бахши ҳунармандӣ дувоздаҳ мутахассис ва тарафҳои ҳавасманд ба роҳбарони давлатҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон қарордоди умумиро пешниҳод намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, дар дархости якҷоя натиҷаҳои конфронси байналхалқии “Ҳамкории минтақавӣ ҳамчун рукни асосии пешбарии ҳунармандии Осиёи Марказӣ дар бозорҳои фурўшии байналхалқӣ” баён карда шуд.

Ин конфронс дар чорчӯбаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат” маблағгузорӣ карда шудааст ва аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «Клуби Хизматии Бишкек» бо дастгирии шарикон ташкил шуда, дар он намояндагони Вазорати фарҳанг, ахборот ва туризми Ҷумҳурии Қирғизистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳунармандон ва мутахассисон аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон, инчунин мутахассисони байналхалқӣ аз Шветсия ва Итолиё иштирок намуданд.

Қарордод нӯҳ масоили асосиро муайян месозад, ки бояд барои беҳтар намудани ҳамкории минтақавӣ аз тарафи мамолики Осиёи Миёна ба инобат гирифта шаванд; қарордод инчунин пешниҳодҳои аниқро оиди рушди иқтидори бахши ҳунармандӣ дар бар мегирад. Тасвибгарони ин ҳуҷҷат дарк карданд, ки «бисёр масъалаҳо бештар на дар сатҳи миллӣ, балки дар сатҳи минтақавӣ ҳалли худро меёбанд» ва «розӣ ҳастанд, ки Осиёи Миёна, ҳамчун минтақаи дорои таърихи бой […], аз ҳамкории минтақавии наздик зиёдтар баҳра мегирад». Ҳамчунин мутахассисон тасдиқ мекунанд, ки «арзиши ҳунармандӣ на танҳо дар ҳифзи мероси фарҳангист, балки дар муҳайё сохтани имконияти ташкили ҷойҳои корӣ ва рушди тиҷорати муҳими стратегӣ мебошад».

Мутахассисон даъват аз он доранд, ки «сиёсати давлатии равшан дар бахши ҳунармандӣ дар мамолики Осиёи Миёна муайян карда шавад» ва ин сиёсат «бахши ҳунармандиро ҳамчун қисмати стратегии иқтисодиёт эътироф намояд». Зиёда аз ин, қарордод «муайян кардани мақоми ҳуқуқии ҳунармандон дар сатҳи қонунгузории миллӣ» «тасдиқи расмии рӯйхати маҳсулоти ҳунарманд дар ҳар як мамлакат истеҳсолшавандаро» талаб намуда, тақозои «бастани шартномаи ҷандтарафаи байниҳукуматӣ оиди якхелакунии боҷҳои гумрук дар сарҳадоти байни давлатҳои Осиёи Миёна барои сабук кардани кашонидани маҳсулоти ҳунармандӣ ва ашёи хом» дорад. Дастгирии давлатӣ дар ташкили марказҳои ҳунармандӣ, системаи андоз ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ бояд инчунин ба инобат гирифта шаванд.

Ба Ҳукуматҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон пешниҳод карда шуд, ки мавқеи хешро дар ин масъала муайян сохта, нақшаи аниқи татбиқи қарордодро то 1-уми октябри соли 2014 омода созанд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Клуби Хизматии Бишкек» ва ташкилоти ғайритиҷоратии фонди Cesvi лоиҳаи “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат” дар давоми 2 сол татбиқ менамоянд, ки он дар чаҳорчўбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо “Осиёи Марказӣ – Инвест” маблағгузорӣ гардида, ба ҳамкории байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рушди соҳибкории миёна, махсусан дар бахши ҳунармандӣ, вусъат мебахшад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов