Ҳайати намояндагони Бонкҳои миллии Тоҷикистону Қазоқистон бо ислоҳоти амалишуда аз ҷониби бонки Гурҷистон дар самти назорати бонкиро меомӯзанд.
Бино ба маълумоти торнамои Бонки миллии Гурҷистон, ҳайати кишварҳои зикршуда барномаи таълимиеро меомӯзанд, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда, марҳилаи дуюмаш ахири моҳи октябр доир мегардад.
«Дар доираи ин вохӯриҳо меҳмонон бо усулҳои асосии тарзи назорате, ки бар хатарҳо асос ёфта, онро Бонки миллии Гурҷистон ҷорӣ намудааст, аз ҷумла назорати муттаҳида, методологияи тестҳои стрессӣ ва таҳлили сифати дороиҳои қарзӣ аз наздик ошно мегарданд», – омадааст дар иттилои Бонки миллии Гурҷистон.
Гуфта мешавад, зимни ин вохӯриҳо муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдукарим Неъматов баргузории ислоҳот дар бахши бонкдорӣ ва табодули таҷриба дар самти амалисозии муваффақонаи лоиҳаҳо ва таҳияи механизмҳои танзимкунандаро муҳим арзёбӣ кардааст.



