Намояндагони БМТ ислоҳоти Гурҷистон дар бахши назорати бонкиро меомӯзанд

Ҳайати намояндагони Бонкҳои миллии Тоҷикистону Қазоқистон бо ислоҳоти амалишуда аз ҷониби бонки Гурҷистон дар самти назорати бонкиро меомӯзанд. Бино ба маълумоти торнамои Бонки миллии Гурҷистон, ҳайати кишварҳои зикршуда барномаи таълимиеро меомӯзанд, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда, марҳилаи дуюмаш ахири моҳи октябр доир мегардад. «Дар доираи ин вохӯриҳо меҳмонон бо усулҳои асосии тарзи назорате, […]



Ҳайати намояндагони Бонкҳои миллии Тоҷикистону Қазоқистон бо ислоҳоти амалишуда аз ҷониби бонки Гурҷистон дар самти назорати бонкиро меомӯзанд.

Бино ба маълумоти торнамои Бонки миллии Гурҷистон, ҳайати кишварҳои зикршуда барномаи таълимиеро меомӯзанд, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда, марҳилаи дуюмаш ахири моҳи октябр доир мегардад.

«Дар доираи ин вохӯриҳо меҳмонон бо усулҳои асосии тарзи назорате, ки бар хатарҳо асос ёфта, онро Бонки миллии Гурҷистон ҷорӣ намудааст, аз ҷумла назорати муттаҳида, методологияи тестҳои стрессӣ ва таҳлили сифати дороиҳои қарзӣ аз наздик ошно мегарданд», – омадааст дар иттилои Бонки миллии Гурҷистон.

Гуфта мешавад, зимни ин вохӯриҳо муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдукарим Неъматов баргузории ислоҳот дар бахши бонкдорӣ ва табодули таҷриба дар самти амалисозии муваффақонаи лоиҳаҳо ва таҳияи механизмҳои танзимкунандаро муҳим арзёбӣ кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.