Хизматгузории ирсоли смс-паёмак дастрас ва дар Суғд интернет пайдо шуд

Аз субҳи имрӯз муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба хизматгузории ирсоли смс-паёмак дастрасӣ пайдо намуданд. Пешниҳоди ин хизматгузори аз 10-уми октябр қатъ гардида буд. Ҳамчунин дар минтақаи шимоли кишвар дастрасӣ ба шабакаи интернет барқарор карда шуд. Шурӯъ аз 5-уми октябр дар вилояти Суғд дастрасӣ ба 3G интернет ва аз 7-уми октябр робита бо ADSL низ қатъ […]



Аз субҳи имрӯз муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба хизматгузории ирсоли смс-паёмак дастрасӣ пайдо намуданд. Пешниҳоди ин хизматгузори аз 10-уми октябр қатъ гардида буд.

Ҳамчунин дар минтақаи шимоли кишвар дастрасӣ ба шабакаи интернет барқарор карда шуд. Шурӯъ аз 5-уми октябр дар вилояти Суғд дастрасӣ ба 3G интернет ва аз 7-уми октябр робита бо ADSL низ қатъ гардида буд.

Тавре сокинони вилояти Суғд хабар медиҳанд, робита бо ADSL рӯзи 10-уми октябр барқарор шуда, дигар хизматгузориҳои низ тадриҷан дастрас шуда истодаанд.

Сарфи назар аз ин, дастрасӣ ба сомонаҳои басташуда то ҳанӯз барқарор нашудааст. Дастрасӣ ба аксари сомонаҳо, аз ҷумла Facebook, Vkontakte, «Википедия», Amazon.com, сервисҳои Майл.ру, Лента.ру, CA-NEWS, хадамоти русии хабаргузории «Озодагон» (catoday.org) ва ҳамчунин прокси-сомонаҳо ва анонимайзерҳо то ҳол ғайриимкон аст.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти алоқа даст доштан дар ин қатъкуниҳои дастрасӣ ба сомонаҳоро рад мекунад. Роҳбари Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Сабурӣ дар мусоҳиба ба агентии ТАСС дар ин робита изҳор намудааст, ки хадамот ба қатъкуниҳои дастрасӣ ба торнамоҳо даст надорад ва ваъда додааст, ки ба ин масъала расидагӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, Сабурӣ зикр кардааст, ки баъзе сомонаҳо «хостори сулҳ дар Тоҷикистон нестанд».

«Қобили зикр аст, ки чанде аз сомонаҳо аз ҳад зиёд сиёсатзадаанд ва ба ҷойи таблиғи сулҳу ризоият дар ҷомеаи мо, ба барангехтани низоъ даст зада, ҳамчунин даъватҳо ва изҳороти ифротгароёна ба нашр мерасонанд», – таъкид доштааст ӯ. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.