Сомонаи «Азия-Плюс» дар Тоҷикистон боз баста шуд

Чанде қабл дастрасӣ ба сомонаи гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» – – www.news.tj дар Тоҷикистон боз қатъ гардид. Тавре корбарони торнамо хабар доданд, қатъи дастрасӣ ба сомона нимаи дуюми рӯзи 10-уми октябр оғоз гардида, ба аксари онҳо танҳо тариқи прокси-серверҳо дастрасӣ ба сомона муяссар мегардад. Намояндагони чанде аз ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) дар ин робита иттилоъ доданд, […]

ASIA-Plus



Чанде қабл дастрасӣ ба сомонаи гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» – –


www.news.tj


дар Тоҷикистон боз қатъ гардид.

Тавре корбарони торнамо хабар доданд, қатъи дастрасӣ ба сомона нимаи дуюми рӯзи 10-уми октябр оғоз гардида, ба аксари онҳо танҳо тариқи прокси-серверҳо дастрасӣ ба сомона муяссар мегардад.

Намояндагони чанде аз ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар рӯйхатҳое, ки то ҳанӯз ба онҳо аз Хадамоти алоқа ирсол мегардад, номи сомонаи «Азия-Плюс» мавҷуд нест.

«Аммо ба ҷуз доменҳо, ки Хадамоти алоқа бастанашонро дархост мекунад, дар номаҳо IP-суроғаҳо низ барои қатъи дастрасӣ зикр шудаанд. Миёни онҳо IP-суроғаи хостинги ҷойгиршавии сомонаи шумо низ ҳаст», – гуфтанд намояндагони ширкатҳои фароҳамсози интернет.

Тамос гирифтан бо Хадамоти алоқа ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин масъала алҳол муяссар намегардад.

Давоми ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон дастрасӣ ба беш аз 1 ҳазор сомонаҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Vkontakte, сомонаҳои Википедия, агентиҳои иттилоотии Русия ва ҳамчунин анонимайзерҳо, ки тариқи он сарфи назар аз қатъи дастрасӣ метавон ба сомона роҳ ёфт, қатъ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки аз субҳи имрӯз муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба хизматгузории

ирсоли смс-паёмак

дастрасӣ пайдо намуданд. Пешниҳоди ин хизматгузори аз 10-уми октябр қатъ гардида буд.

Ҳамчунин дар минтақаи шимоли кишвар дастрасӣ ба шабакаи интернет барқарор карда шуд. Шурӯъ аз 5-уми октябр дар вилояти Суғд дастрасӣ ба 3G интернет ва аз 7-уми октябр робита бо ADSL низ қатъ гардида буд.

Тавре сокинони вилояти Суғд хабар медиҳанд, робита бо ADSL рӯзи 10-уми октябр барқарор шуда, дигар хизматгузориҳои низ тадриҷан дастрас шуда истодаанд.

Дар робита ба ин амалҳо намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович ҳукуматдорони Тоҷикистонро ба 

таъмини бемамониати дастрасӣ ба шабакаи Интернет

 даъват кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.