Илҳом Алиев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд



Пагоҳ, 15-уми октябр президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари расмии дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора департаменти итттилоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии сафари расмии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15-16 октябри соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт, оғоз намуд.

Дар ҷараёни сафари президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон дидору гуфтушуниди ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва як зумра мансабдорони воломақоми ҷумҳурӣ дар назар буда, ҳамчунин аз рӯйи натиҷаҳои сафар як қатор санадаҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Озарбойҷон беш аз 12,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ин ҳаҷм пурра ба воридоти маҳсулот аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон рост меояд.

spot_imgspot_img

Популярное