Дар бозии «Истиқлол» – «Шалке 04» сокини Варзоб автомашинаи «Мерседес-Бенс» бурд кард

Дар бозии лотерея, ки баъди хотимаи бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» (Душанбе) ва «Шалке-04» (Олмон) миёни мухлисони футбол доир гардид, сокини ноҳияи Варзоб Саидаҳмад Нарзуллоев автомашинаи тамғаи «Мерседкес- Бенс» бурд кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол», баъди анҷоми бозии мазкур миёни мухлисон аз рӯи рақамҳои билетҳои воридшавӣ ба варзишгоҳ бозии лотерея баргузор шудааст. […]



Дар бозии лотерея, ки баъди хотимаи бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» (Душанбе) ва «Шалке-04» (Олмон) миёни мухлисони футбол доир гардид, сокини ноҳияи Варзоб Саидаҳмад Нарзуллоев автомашинаи тамғаи «Мерседкес- Бенс» бурд кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол», баъди анҷоми бозии мазкур миёни мухлисон аз рӯи рақамҳои билетҳои воридшавӣ ба варзишгоҳ бозии лотерея баргузор шудааст.

«Кинотеатрҳои хонагӣ насиби донишҷӯхтари соли дуюми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Фотима Раҳимова ва корманди «Агароинвестбонк» Валиҷон Мирзоев гардида, корманди корхонаи сементи пойтахт, сокини ноҳияи Варзоб Саидаҳмад Нарзуллоев автомашина бурад кард», – омадааст дар иттилои сомона.

«Беҳад хурсандам, ки имрӯз бахтам омад кард. Ман ба дастаи футболи «Истиқлол» барои ташкили вохӯрӣ бо дастаи Олмон ва бозии лотерея миннатдорӣ изҳор мекунам. Бозӣ хеле шавқовар сурат гирифта, албатта, таассуфовар аст, ки бозигарони мо аз зарбаҳои 11-метра ба шикаст дучор шуданд, вале ин лотерея аст, касеро бахташ механдаду касеро на», – гуфтааст Саидаҳмад Нарзуллоев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.