Дар Тоҷикистон аз эълони афви навбатӣ интизорӣ меравад

Дар Тоҷикистон ба муносибати 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун) афви навбатӣ эълон мешавад. Айни замон бо супориши президенти мамлакат дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат бо ҷалби намояндагони сохтори ҳифзи ҳуқуқи ҷуҳурӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи афв»-ро омода мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар хабар дод, ахири моҳ лоиҳаи қонуни мазкур аз […]



Дар Тоҷикистон ба муносибати 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун) афви навбатӣ эълон мешавад. Айни замон бо супориши президенти мамлакат дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат бо ҷалби намояндагони сохтори ҳифзи ҳуқуқи ҷуҳурӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи афв»-ро омода мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар хабар дод, ахири моҳ лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби президенти ба баррасии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод мегардад.

Манбаъ дар бораи мавриди афв қарор гирифтани кадом дараҷаи маҳкумшудагон, ки дар муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд, мушаххасан маълумот надод.

«Шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои ниҳоят вазнин, аз қабили даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, куштор, ғоратгариву роҳзанӣ, хиёнат ба Ватан маҳкум шудаанд ё парвандаашон дар ҳоли тафтиш аст, мавриди афв қарор намегиранд», – гуфт манбаъ.

Афви охирини 13-ум дар Тоҷикистон соли 2011 ба муносибати 20-солагии истиқлолияти кишвар эълон шуда, тибқи он беш аз 4 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд, ки миёни онҳо 196 нафарашонро занон ва 153 нафарашонро ноболиғон ташкил доданд. Боз муҳлати ҷазои ҳудуди 5 ҳазор нафар маҳкумшудагон кам карда шуд. Он замон афв ба зиёда аз 5 ҳазор нафар афроди мавриди тафтиш ё дар мурофиаи судӣ қарордоштаву ҳанӯз маҳкумнашуда низ дахл кард.

Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 17 адад муассисаи ислоҳӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандон нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.