Садамаи нақлиёт бо иштироки писари вакил Талбаков бо марги роҳгузар анҷомид

Бо иштироки Сорбон Талбаков, писари вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков садамаи нақлиёт рух дод, ки бо марги роҳгузар анҷомид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 13-уми октябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Сорбон Талбакови 25-сола ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Исмоили Сомонӣ ба самти кӯчаи Федини пойтахт, дар […]



Бо иштироки Сорбон Талбаков, писари вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков садамаи нақлиёт рух дод, ки бо марги роҳгузар анҷомид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 13-уми октябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Сорбон Талбакови 25-сола ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Исмоили Сомонӣ ба самти кӯчаи Федини пойтахт, дар рӯ ба рӯи истгоҳи нақлиётии мусофиркашонии байнишаҳрӣ пиёдагард Ҷамол Ғуломови 46-сола, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.

«Дар натиҷа Ҷамол Ғуломов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расид», – омадааст дар хабари ВКД Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» шоҳидони ҳодиса хабар доданд, Талбаков худаш ҷабрдидаро ба Маркази миллии тиббӣ бурдааст. Хешону наздикони Талбаков оилаи марҳумро аёдат намуда, ба онҳо ҳамдардӣ изҳор намудаанд.

Ахиран ин ҳодисаи дуюми садамаи нақлиёт бо иштироки наздикон ё бевосита мансабдорони воломақоми давлатист. Санаи 29-уми сентябр ронандаи автомашинаи «Мерседес», ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода бо суръати баланд зани кӯчарӯб Зевармо Пироваи 54-соларо пахш намуд, ки аз ин зарба ҷисми зан ба қисматҳо пора шуда буд. Марҳум соҳиби чор фарзанд буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.