Миннатдории президент ба «соҳибкорон ва сармоягузорони бонангу номус»

– Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон аз 146 ҳазори соли 2010 то ба 232 ҳазор дар соли 2014 расонида шуд, ки афзоиши он қариб 60 фоизро ташкил медиҳад, – гуфт зимни суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон. Президент зикр кард, ки «саҳми бахши хусусӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мунтазам […]

ASIA-Plus



– Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон аз 146 ҳазори соли 2010 то ба 232 ҳазор дар соли 2014 расонида шуд, ки афзоиши он қариб 60 фоизро ташкил медиҳад, – гуфт зимни суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Президент зикр кард, ки «саҳми бахши хусусӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуда, дар соли 2013-ум 64 фоизро ташкил додааст».

Сарвари давлат таъкид дошт, ки соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат 40,5 миллиард сомониро ташкил кард, ки 26 миллиард сомонии он ба бахши хусусӣ рост меояд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳиссаи бахши хусусӣ дар сармояи оинномавии пардохтшудаи бонкҳо соли 2013-ум 97 фоизро ташкил дод, ки 34 фоизи он ба бахши хусусии хориҷӣ тааллуқ дорад. «Дар ҳаҷми умумии пасандозҳо ҳиссаи бахши хусусӣ 88 фоизро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.

Президенти Тоҷикистон қайд кард, ки соли гузашта дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 85 фоизи андозҳои ғайримустақим (дар ҳаҷми 4,4 миллиард сомонӣ) аз ҷониби бахши хусусӣ пардохт шудааст, ки аз он андоз аз арзиши иловашуда 3,5 миллиард сомонӣ, аксизҳо 276 миллион, андоз аз фурӯш 106 миллион ва боҷҳои гумрукӣ 445 миллион сомониро ташкил медиҳанд.

«Тӯли ҳафт соли охир дар мамлакат зиёда аз 1600 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноати коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва коркарди меваю сабзавот бунёд карда шудаанд ва зарур аст, ки ба ин раванд суръат бахшида шавад», – таъкид дошт президент.

Ба қавли сарвари давлат, танҳо соли гузашта аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 332 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуда, беш аз 120 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис гардидаанд.

«Аз ин лиҳоз, ба шумо, соҳибкорон ва сармоягузорони бонангу номус, инчунин ба ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамон барои саҳми назаррас дар рушди иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон, анҷом додани корҳои созандагӣ, ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва умуман барои ҳисси баланди масъулият ва ватандӯстиатон изҳори миннатдорӣ менамоям», – иброз дошт Э.Раҳмон.

Ӯ ба соҳибкорону сармоягузорон аз ҳар иқдоми эҳсонкорӣ ва ташаббуси ватандӯстонаву хайрхоҳона, хусусан дар бунёди мактабу синфхонаҳои иловагии нав, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, бунёд ва таъмири роҳу пулҳо, инчунин расонидани кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва ташкили хатнасуру тӯйҳои хонадоршавии дастҷамъона арзи сипос намуд.

Дар фарҷоми суханронӣ президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки ба хотири заҳматҳои кашидаи соҳибкорону сармоягузорон дар роҳи ободии Ватан ва ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти содиқонаву софдилонаи онҳо санаи 14 – уми октябр дар мамлакат Рӯзи соҳибкорон эълон карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.