Псаки: ИМА бо кишварҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000 ҳамкориро идома медиҳад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико созишномаи эълоншуда доир ба нархгузории транзитии тарҳи интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000)-ро дастгирӣ менамояд. Дар изҳороти интишоршудаи намояндаи расмии Департаменти давлатии ИМА хонум Ҷеннифер Псаки аз ҷониби сафортаи ИМА дар Душанбе дар ин робита изҳор мегардад, ки Созишномаи мазкур дар бораи иқдоми муҳими муносиботи тарафайн байни Афғонистону Покистон […]



Иёлоти Муттаҳидаи Амрико созишномаи эълоншуда доир ба нархгузории транзитии тарҳи интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000)-ро дастгирӣ менамояд.

Дар изҳороти интишоршудаи намояндаи расмии Департаменти давлатии ИМА хонум Ҷеннифер Псаки аз ҷониби сафортаи ИМА дар Душанбе дар ин робита изҳор мегардад, ки Созишномаи мазкур дар бораи иқдоми муҳими муносиботи тарафайн байни Афғонистону Покистон ва инчунин яке аз дастовардҳои аввалини дипломатии Ҳукумати нави ваҳдати миллии Кобул зери роҳбарияти Президент Ашраф Ғанӣ ва сарвазир Абдулло Абдулло шаҳодат медиҳад.

«Баъд аз итмоми тарҳ “CASA-1000” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қиргизистон имконияти фурӯши барқи обии изофиро ҷиҳати қонеъ гардонидани норасоии Афғонистон ва Покистон медиҳад. Лоиҳаи мазкур ҷузъи муҳими бозори энергетикии минтақавӣ буда, таъминкунандагону харидорони барқро пайваст менамояд ва ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Созишномаи нархгузории транзитӣ қадами заруру ниҳоӣ ҷиҳати баимзорасидани созишномаи хариди барқ буда, донорҳои дигарро барои ширкат дар татбиқи “CASA-1000” водор месозад», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, ИМА ҳамкориро бо чор давлати “CASA-1000” ва шарикони байналмилалӣ барои пешрафти лоиҳаи мазкур на фақат бо мақсади пайваст кардани таъминкунандагони барқи тоза бо харидоронаш, балки барои таҳкими дастгирии дарозмӯҳлат ба осоиш, амният ва ободонии Афғонистон, ҳамсояҳои он ва минтақаи васеъ низ идома хоҳад дод.

Чанде қабл Афғонистону Покистон Созишнома дар бораи

арзиши транзити нерӯи барқ тариқи қаламрави Афғонистон

дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)-ро ба имзо расониданд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 1 млрд. доллари ИМА арзёбӣ шуда, масофаи хатҳои интиқоли барқ тибқи лоиҳа 750 километрро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.