ИА оғози фестивали Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистонро эълом медорад

Фестивали Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябри соли равон оғоз ёфта, то 2-юми ноябр дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб идома меёбад. Бино ба иттилои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, барномаи Фестивал бархе аз маъракаҳоеро дар бар мегирад, ки аз тарафи Маркази фарҳангии Бохтар ва шарикони он гузаронида мешаванд, ки гуногунрангии фарҳанг ва мардуми […]



Фестивали Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябри соли равон оғоз ёфта, то 2-юми ноябр дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб идома меёбад.

Бино ба иттилои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, барномаи Фестивал бархе аз маъракаҳоеро дар бар мегирад, ки аз тарафи Маркази фарҳангии Бохтар ва шарикони он гузаронида мешаванд, ки гуногунрангии фарҳанг ва мардуми наздикшудаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар назар дорад.

«Шарикони фестивал ташкилотҳои зерин мебошанд: IDEA, Ташкилоти ҳамкории Швейтсария, Сафорати Фаронса, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати Beeline», – омадааст дар маълумоти намояндагӣ.

Ба иттилои манбаъ, фестивали филмҳои аврупоӣ тавассути дастгирии DAAD, Донишкадаи ба номи Гёте, ташкилоти CESVI, Сафорати Маҷористон (Венгрия), Сафорати Испания, Сафорати Финляндия дар в Остона гузаронида мешавад.

Ҳафтаи Аврупо, ки бо ташаббус ва дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҳамасола доир мегардад, яке аз намоёнтарин рўйдоди фарҳангӣ дар ҳаёти сокинони маҳаллӣ гаштааст. Фестивали ҳамасолаи Ҳафтаи Аврупо ба наздикшавии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон мусоидат намуда, гуногунрангии фарҳанг, расму русуми Аврупоро ба тоҷикистониён пешкаш менамояд, ва байни мардум пулҳои фарҳангӣ месозад.

Ҳафтаи Аврупо олоти муҳим барои вусъат бахшидани маълумотнокии мардум оиди равобити байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон буда, нақши Иттиҳоди Аврупоро дар Тоҷикистон ва инчунин раванди наздикшавии ИА ба ҷомеаи тоҷиконро муфассал шарҳ медиҳад.


Барнома:

Оғози Ҳафтаи Аврупо:


25 октябр, соати 14:00

Намоиши асарҳои мусаввирони аврупоӣ (аз хазинаи осорхона)

Осорхонаи миллӣ


Соати 18:00

Консерти мусиқии бастакорони аврупоӣ дар иҷрои устодони санъати Тоҷикистон Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ


26 октябр, соати 17:00

Намоиши аксҳо “Манзараҳои Душанбе”

Вохўрии байналмилалии суратгирон

Маркази Фарҳангии Бохтар


29 октябр, соати 11:00

Нишасти матбуотӣ, намоиши филм, намоиши маҳсули толибилмон, консерти устодони маҳаллӣ

Н. Варзоб


27-31 октябр,


ҳ


амарўза соати 18:00


Фестивали Филмҳои Аврупоӣ

Филми ҳуҷҷатӣ – Финландия, филмҳои бадеӣ – Маҷористон, Испания, Олмон, Италия

Маркази Фарҳангии Бохтар


1 ноябр, соати 14:00

Консерти этно-ҷаз дар иҷрои гурўҳҳои ҷавони тоҷик

(давоми фестивали этно-ҷаз Душанбе 2014)


Соати 17:00

Намоиши рақсӣ

Театри “Падида”, Колледҷи хореографии ба номи М. Собирова

Театри ба номи Маяковский


1-2 ноябр, тамоми рўз

Озмуни мубоҳиса


Ҷ


амъбасти


мубо


ҳ


иса – 2 ноябр, соати 16:00


Маркази Фарҳангии Бохтар


Даромад ба


ҳ


амаи чорабини


ҳ


о озод мебошад!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.