Чор медали самбочиёни навраси тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни наврасону навҷавонон, ки аз 8-ум то 12-уми октябр дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, чаҳор медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин бора Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, имрӯз аз Сеул ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, «дар […]


Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни наврасону навҷавонон, ки аз 8-ум то 12-уми октябр дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, чаҳор медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин бора Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, имрӯз аз Сеул ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, «дар ин мусобиқа гуштигирони ҷавон (писарону духтарон) аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд».

Ба гуфтаи ӯ, мусобиқа дар иншооти варзишии «Seoul Student Gymnasium», ки дар он ҷо сабқати муштзанҳо аз рӯи барномаи Олимпиадаи соли 1988 баргузор шуда буд, доир гардидааст.

Ба иттилои Маҳмуди Абдулло, дар сабқати наврасон  Фирдавс Насимов дар вазни то 81 кг бо медали нуқра сарфароз гашта, мМуҳаммадризо Қурбонов (-87 кг) ва Хуршед Маҷидов(+87 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. «Дар сабқати навҷавонон Муҳаммадҷон Зоидов дар вазни то 74 кг барои ҷойи севум соҳиби медали биринҷӣ гардид», – афзудааст номбурда. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.