Илҳом Алиев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Пагоҳ, 15-уми октябр президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари расмии дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора департаменти итттилоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад. Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии сафари расмии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15-16 октябри […]



Пагоҳ, 15-уми октябр президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари расмии дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора департаменти итттилоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии сафари расмии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15-16 октябри соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт, оғоз намуд.

Дар ҷараёни сафари президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон дидору гуфтушуниди ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва як зумра мансабдорони воломақоми ҷумҳурӣ дар назар буда, ҳамчунин аз рӯйи натиҷаҳои сафар як қатор санадаҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Озарбойҷон беш аз 12,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ин ҳаҷм пурра ба воридоти маҳсулот аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.