Иштироки вакили парлумони Тоҷикистон дар таҳияи қонуни ИДМ

Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзода имрӯз ба шаҳри Санкт-Петербург раҳсипор шуд, ки дар он ҷо дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ рӯзҳои 15-16-уми октябр дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни қолабӣ «Дар бораи абадӣ гардонидани хоираи ҳимоятгарони Ватан» иштирок мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони […]



Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзода имрӯз ба шаҳри Санкт-Петербург раҳсипор шуд, ки дар он ҷо дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ рӯзҳои 15-16-уми октябр дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни қолабӣ «Дар бораи абадӣ гардонидани хоираи ҳимоятгарони Ватан» иштирок мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ вакилони парлумонҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, коршиносон ва намояндагони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Иттиҳод ширкат хоҳанд варзид.

«Дар ҷараёни кори гурӯҳ баррасии ҳар як моддаи қонуни қолабӣ «Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи ҳимоятгарони Ватан» дар назар аст, ки ба қабули қонунҳои ба ин монанд дар кишварҳои Иттиҳод замина мегузорад», – таъкид дошт Султонов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.