Боздошти 2 нафар ноболиғ ба гумони узвият дар «Гурӯҳи-24»



Дар шаҳри Душанбе ду нафар ноболиғ ба гумони даст доштан дар даъватҳои ифротгароӣ ва узвият дар гурӯҳи экстремистии «Грӯҳи-24», ки фаъолияташ дар қаламрави кишвар манъ шудааст, боздошт шуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, санаи 16-уми октябр ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ  ноболиғон: Т. Н., М. Н.-и 15 ва 16-сола, сокинони пойтахт ба гумони даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстримистӣ (ифротгароӣ) аз чониби кормандони милитсия дастгир карда шуданд.

Гуфта мешавад, дастгиршудагон ахири моҳи сентябр бо ранг дар деворҳои манзилҳои истиқоматии кӯчаи Лермонтов ва купруки  назди Наврӯзгоҳи пойтахт шиорҳои тарғиботии зидди ҳокимияти қонунӣ навишта, бо ин роҳ иштироки худро дар ташкилоти экстримистии “Гурӯҳи-24” нишон додаанд.

«Далелҳои шайъӣ 1 адад қутичаи ранги зард ва 1 адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-5” гирифта  шуд», – омадааст дар иттилои ВКД ҶТ.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 9-уми октябр Суди олии Тоҷикистон ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро 

ифротгаро эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

 Раиси мурофиа судя Саломат Ҳакимова эълон кард, ки ҳамчунин тибқи ҳалномаи суд, дастрасӣ ба сомонаи интернетии ин гуруҳ дар қаламрави кишвар, воридоту паҳн ва нашри ҳама гуна адабиёту варақаҳо, сабтҳои аудиову видеоии  марбут ба «Гурӯҳи 24» низ манъ карда мешавад.

Тобистони соли 2012 Умаралӣ Қувватов баъди маҷбуран тарк кардани Тоҷикистон, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро таъсис дод. Ӯ чандин маротиба дар ВАО ҳукуматдорони Тоҷикистонро мавриди интиқоди шадид қарор додааст.

Худи Умаралӣ Қувватов, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аҳолии Тоҷикистонро рӯзи 10-уми октябр ба гирдиҳамойӣ алайҳи ҳукумат дар шаҳри Душанбе даъват карда буд, дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла қаллобӣ, азхудкунии амволи ғайр ва ғайра гумонбар дониста шуда, мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное