Боздошти 2 нафар ноболиғ ба гумони узвият дар «Гурӯҳи-24»

Дар шаҳри Душанбе ду нафар ноболиғ ба гумони даст доштан дар даъватҳои ифротгароӣ ва узвият дар гурӯҳи экстремистии «Грӯҳи-24», ки фаъолияташ дар қаламрави кишвар манъ шудааст, боздошт шуданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, санаи 16-уми октябр ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ  ноболиғон: Т. Н., М. Н.-и 15 ва 16-сола, сокинони пойтахт ба гумони даъвати […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Душанбе ду нафар ноболиғ ба гумони даст доштан дар даъватҳои ифротгароӣ ва узвият дар гурӯҳи экстремистии «Грӯҳи-24», ки фаъолияташ дар қаламрави кишвар манъ шудааст, боздошт шуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, санаи 16-уми октябр ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ  ноболиғон: Т. Н., М. Н.-и 15 ва 16-сола, сокинони пойтахт ба гумони даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстримистӣ (ифротгароӣ) аз чониби кормандони милитсия дастгир карда шуданд.

Гуфта мешавад, дастгиршудагон ахири моҳи сентябр бо ранг дар деворҳои манзилҳои истиқоматии кӯчаи Лермонтов ва купруки  назди Наврӯзгоҳи пойтахт шиорҳои тарғиботии зидди ҳокимияти қонунӣ навишта, бо ин роҳ иштироки худро дар ташкилоти экстримистии “Гурӯҳи-24” нишон додаанд.

«Далелҳои шайъӣ 1 адад қутичаи ранги зард ва 1 адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-5” гирифта  шуд», – омадааст дар иттилои ВКД ҶТ.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 9-уми октябр Суди олии Тоҷикистон ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро 

ифротгаро эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

 Раиси мурофиа судя Саломат Ҳакимова эълон кард, ки ҳамчунин тибқи ҳалномаи суд, дастрасӣ ба сомонаи интернетии ин гуруҳ дар қаламрави кишвар, воридоту паҳн ва нашри ҳама гуна адабиёту варақаҳо, сабтҳои аудиову видеоии  марбут ба «Гурӯҳи 24» низ манъ карда мешавад.

Тобистони соли 2012 Умаралӣ Қувватов баъди маҷбуран тарк кардани Тоҷикистон, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро таъсис дод. Ӯ чандин маротиба дар ВАО ҳукуматдорони Тоҷикистонро мавриди интиқоди шадид қарор додааст.

Худи Умаралӣ Қувватов, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аҳолии Тоҷикистонро рӯзи 10-уми октябр ба гирдиҳамойӣ алайҳи ҳукумат дар шаҳри Душанбе даъват карда буд, дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла қаллобӣ, азхудкунии амволи ғайр ва ғайра гумонбар дониста шуда, мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.