Имзои як қатор аснод дар форуми «Душанбе-2014: Соҳибкорӣ–муҳаррики иқтисодиёт»

Аз рӯи натиҷаҳои Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории «Душанбе-2014: Соҳибкорӣ–муҳаррики иқтисодиёт», ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар пойтахти Тоҷикистон доир гардид, як қатор аснод ба имзо расиданд. Тавре аз котиботи Шӯрои машваратии назди президенти ҶТ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ хабар доданд, ҳамчун натиҷаҳои Форум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва […]

ASIA-Plus



Аз рӯи натиҷаҳои Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории «Душанбе-2014: Соҳибкорӣ–муҳаррики иқтисодиёт», ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар пойтахти Тоҷикистон доир гардид, як қатор аснод ба имзо расиданд.

Тавре аз котиботи Шӯрои машваратии назди президенти ҶТ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ хабар доданд, ҳамчун натиҷаҳои Форум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва Пажуҳишгоњи метаноли Сингапур оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ба иттилои манбаъ, миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Ассотсиатсияи ҷамъиятҳои тиббӣ оид ба сифати Русия вобаста ба рушди системаи таҳсилоти тиббӣ тибқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ Ёддошти ҳамкорӣ

ба тасвиб расид.

Гуфта мешавад, ҳамчунин  байни КВД Корхонаи алюминии тоҷик ва Ширкати Глинкор Интернешнл Швейтсария дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба ташкили бизнес – инкубаторҳо низ Ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки инчунин санади ниҳоии Форум – Изҳороти Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 низ қабул гардид.

Ёдрас мекунем, ки дар кори форуми мазкур беш аз 500 нафар соҳибкорону сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, намояндагони як қатор ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Ҷаҳонӣ, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёгии Рушд, намояндагони дипломатии кишварҳои дунё, олимону коршиносони варзида, корхонаҳо ва ҷамъиятҳои хоҷагидори пуриқтидор, роҳбарони як қатор мақомотҳои давлатӣ ширкат варзиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.