Иштироки як зани суғдӣ дар амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон

Як нафар зан, сокини вилояти Суғд дар амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон иштирок дорад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд, ин зани 36-сола Ш.М., сокини ноҳияи Спитамен, ки узви фаъоли гурӯҳи ҷиноятпешаи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» аст, бо фарзандонаш нахуст ба Русия назди шавҳараш меравад, ки ӯ дар он ҷо дар муҳоҷирати корӣ қарор доштааст. […]

Мавлуда Рафиева



Як нафар зан, сокини вилояти Суғд дар амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон иштирок дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд, ин зани 36-сола Ш.М., сокини ноҳияи Спитамен, ки узви фаъоли гурӯҳи ҷиноятпешаи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» аст, бо фарзандонаш нахуст ба Русия назди шавҳараш меравад, ки ӯ дар он ҷо дар муҳоҷирати корӣ қарор доштааст.

«Дар Русия ӯ бо ҳамдиёраш, узви фаъоли «Ҷамоати Ансоруллоҳ» шинос шуда, бо даъвати ӯ узвият ба ин гурӯҳро қабул мекунад ва соли 2013 бо ин ҳамдиёраш ба Афғонистон рафта, акнун он ҷо алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ меҷангад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати ин зан мақомоти прокуратураи вилояти Суғд мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)  ва 401, дараҷ. 1 (Ҷалб ва иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар кишварҳои хориҷӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишотро дар ин самт идома медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл прокуратураи вилояти Суғд дар бораи боздошти 10 нафар сокинони вилоят, ки нияти сафар ба Сурия барои иштирок дар амалиётҳо ҷангиро доштанд, хабар дода буд. Як нафар аз ин боздошшудагон сокини ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент ва боқимонда 9 нафари дигар сокинони ноҳия Спитамен мебошанд, ки сиинашон аз 20 то 30-соларо ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз прокуратураи вилоят, дар зарфи 9 моҳи соли равон нисбати 49 нафар сокинони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони узвият дар сафи созмону ҳаракатҳои ифротгаро 29 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 14 парванда нисбати 22 нафар ба судҳо ирсол гардидаанд.

«Миёни онҳо 7 нафар ба даст доштан дар фаъолият дар сафҳои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, 5 нафар – дар «Ҳизб-ут-таҳрир», 24 нафар – дар «Аносруллоҳ», 7 нафар – дар «Ҷабҳат-ул-Нусра» гумонбар дониста шуда, боз 6 нафари дигар дар амалиётҳои ҷангӣ дар Сурия иштирок доранд», – гуфт манбаъ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.