Имкони бурди «Мерседес-Бенс» дар вохӯрии собиқадорони дастаҳои «Помир» ва «Спартак»

Пас аз анҷоми бозии дӯстонаи собиқадорони дастаҳои футболи «Помир»-и Душанбе ва «Спартак»-и Маскав, ки рӯзи 25-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир мегардад, бозии лотерея гузаронида шуда, дар он автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» ба бозӣ гузошта мешавад. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин бозӣ тамошобинонро натанҳо баҳра аз ҳунарнамоии футболбозони дӯстдошта, балки боз […]

Пайрав Чоршанбиев



Пас аз анҷоми бозии дӯстонаи собиқадорони дастаҳои футболи «Помир»-и Душанбе ва «Спартак»-и Маскав, ки рӯзи 25-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир мегардад, бозии лотерея гузаронида шуда, дар он автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» ба бозӣ гузошта мешавад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин бозӣ тамошобинонро натанҳо баҳра аз ҳунарнамоии футболбозони дӯстдошта, балки боз якчанд чорабиниҳои гуногуни ҷолиби фароғатӣ низ интизор аст. Нархи билет ба ҳама қисматҳо (трибунаҳо)-и варзишгоҳ як хел – 15 сомонӣ аст. Бозӣ соати 17-00 оғоз мегардад.

Дар ҳайати собиқадорони дастаи футболи «Помир» ҳунарнамоии Андрей Мананников, Станислав Карасев, Анатолий Воловоденко, Олег Ширинбеков, Олимҷон Рафиқов, Олег Малюков, Алексей Чередник, Валерий Турсунов, Ҳаким Фузайлов, Александр Пилюгин, Муҳсин Муҳаммадиев, Вазген Манасян, Нариман Палабуюк, Азамат Абдураимов, Равшан Бозоров, Рустам Забиров, Владимир Ғуломҳайдаров, Александр Азимов, Абдуғаффор Юлдошев, Алиёр Ашӯрмамадов, Умед Алидодов, Сулаймон Бобокалонов ва дигарон дар назар аст. Сармураббии даста Мураббии шоистаи ИҶШС Шарфи Назаров мебошад.

Ҳайати собиқадорони дастаи футболи «Спартак»-ро бозингарон Руслан Нигматуллин, Дмитрий Хлестов, Борис Поздняков, Рамиз Мамедов, Юрий Ковтун, Сергей Шавло, Вагиз Хидиятуллин, Валерий Кечинов, Георгий Яртсев, Валерий Шмаров, Андрей Пятнитский, Юрий Гаврилов, Эдуард Мор, Олег Кужлев, Владимир Букиевский, Александр Кокорев ва дигарон намояндагӣ мекунанд. Сармурббиёни дастаи маскавиҳо Олег Романтсев ва Вячеслав Егорович таъин шудаанд. Ҳамаи онҳо тӯли солҳои гуногун дар ин дастаи маъруфи Русия, ки аксаран онро дастаи мардумӣ мегӯянд, ҳунарнамоӣ кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта

дар бозии лотерея,

ки баъди хотимаи бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» (Душанбе) ва «Шалке-04» (Олмон) миёни мухлисони футбол доир гардид, сокини ноҳияи Варзоб Саидаҳмад Нарзуллоев автомашинаи тамғаи «Мерседкес- Бенс» бурд кард.

Билетҳои бозии «Истиқлол» – «Шалке-04» низ сарфи назар аз ҷой, дар варзишгоҳи комилан аз мухлисон пуршуда 15 сомонӣ (тақрибьан 3 $) нарх дошт. Аз фурӯши тамоми билетҳо дар Варзишгоҳи марказии дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст 300 ҳазор сомонӣ (тақрибан 60 ҳазор $) даромад ба даст меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.