Боздошти тоҷики мавриди пайгард қарордошта дар Тотористон

Шаҳрванди Тоҷикистон Рамз Ҷӯраев рӯзи 15-уми октябр аз ҷониби кормандони Интерпол (Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ)-и ВКД Русия дар Тотористон боздошт шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ВКД Тотористон,  дархост оид ба ҳабс ва истирдоди Рамз Ҷӯраеви 34-сола тариқи воситаҳои иртиботи Интерпол аввали моҳи октябр ирсол шудааст. Ба иттилои манбаъ, Р.Ҷӯраев бо ташаббуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи […]

ASIA-Plus



Шаҳрванди Тоҷикистон Рамз Ҷӯраев рӯзи 15-уми октябр аз ҷониби кормандони Интерпол (Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ)-и ВКД Русия дар Тотористон боздошт шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ВКД Тотористон,  дархост оид ба ҳабс ва истирдоди Рамз Ҷӯраеви 34-сола тариқи воситаҳои иртиботи Интерпол аввали моҳи октябр ирсол шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Р.Ҷӯраев бо ташаббуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар ҷинояти содиршуда тибқи моддаи 247, қ. 4-и КҶ ҶТ (Қаллобии содиршуда дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифта буд.

Зимни чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯи муайян карда шудааст, ки Р.Ҷӯраев дар Душанбе ба хариду фурӯши автомашинаҳои тамғаи люкс машғул буда, дар 28 ҳолати амали ҷинояткорона гумонбар дониста мешавад. Тибқи маълумоти пешакӣ, зиёни расида аз ин амалҳои ӯ беш аз 11 млн. рублро ташкил медиҳад.

Ӯ Тоҷикистонро тарк гуфта, дар шаҳри Қазон ғайриқонунӣ иқомат ва ба мусофиркашонӣ машғул будааст. Айни замон бо қарори суди ноҳияи Советскийи Қазон, Рамз Ҷӯраев таҳти ҳабси пешазистирдодӣ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар як мусоҳибааш изҳор намуд, ки ҳудуди 2,5 ҳазор нафар шаҳрвандон мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда, ҳамасола аз 50 то 100 нафар боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.