– Қариб нисфи нақлиёти автомобилии Тоҷикистон (49%) айни замон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд, – гуфта мешавад дар ҳисоботи низоми мониторинг ва огоҳкунии пешакии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Қобили қайд аст, ки сабаби ба истифодаи гази моеъ гузаштани нақлиёти автомобилии кишварро ба гаронии нархи бензин рабт медиҳанд.
Гуфта мешавад, арзиши миёнаи бензин дар ҷумҳурӣ тақрибан 1,3 сомонӣ – аз 5 сомонӣ барои 1 литр дар моҳи январ то 6,3 сомонӣ дар моҳи сентябр афзуд.
Давоми 5 соли ахир бошад, нархи бензин дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна қариб то 3 сомонӣ боло рафт. Агар дар ҳамин давраи соли 2009 бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар 3,5 сомонӣ нарх дошт, пас имрӯз он ба арзиши 6,3 сомонӣ барои 1 литр фурӯхта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар ҳисобт зикр мегардад, ки давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 168 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо 9 моҳи соли гузашта тақрибан 15 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Моҳи сентябр ҳаҷми воридоти гази моеъ ба кишвар беш аз 21,5 ҳазор тоннаро ташкил ддаоаст, ки нисбат ба моҳи сентябри соли 2013 ба миқдори 4 ҳазор тонна бештар буда, гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистону Русия ворид мегардад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 375 млн. доллари ИМА наздики 440 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи ҳаҷм беш аз 60% ва аз рӯи арзиш тақрибан 30% зиёдтар аст.



