Афзоиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм дар Тоҷикистон



Дар Тоҷикистон шумори ҷиноятҳои марбут ба терроризм дар ҳоли афзоиш аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар 12 ҷинояти марбут ба терроризм ба қайд гирифта шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ҳамагӣ се ададро ташкил медод.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омор, дар ин давра сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон боло рафта, 24 чунин ҷиноят ошкор карда шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта 3 адад ба ин монанд ҷиноят ошкор гардида буд.

Бино ба иттилои ВАО, рӯзҳои истироҳат 13 нафар ба гумони омодагӣ ба таркишҳо дар иншооти стратегии кишвар, аз қабили нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон, ки маркази ҷумҳуриро бо минтақаи шимол мепайванданд, боздошт шудаанд.

Муайян карда шудааст, ки аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша дар урдӯгоҳҳои Сурия оид ба содир намудани амалҳои террористӣ таълимоти ҳарбӣ гирифтаанд. Ҳамчунин онҳо ният доштаанд, ки аз як қисми ҳарбӣ ва шуъбаи милиса аслиҳа тасарруф намоянд.

Чанде қабл зимни гуфтугӯи мустақим бо шаҳрвандон дар идораи ҳафтавори «Тоҷикистон» вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бори нахуст аз шумори тоҷикистониёни ҳалокшуда дар амалиётҳои ҷангӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия иттилоъ дода, зикр кард, ки тибқи маълумоти ахир, айни замон дар ин даргириҳо Сурия

зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони кишвар

иштирок дошта, шумори тоҷикистониёни кушташуда 50 нафарро ташкил медиҳад.

spot_imgspot_img

Популярное