ҲНИТ: Дар Тоҷикистон қонунҳо хубанд, мушкилот дар амалисозии онҳост



Дар толори шуъбаи ҲНИТ-и минтақаи Кӯлоб бахшида ба 20-умин солгарди сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми октябри соли ҷорӣ мизи гирд баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин нишаст намояндагони мақомоти шаҳрӣ, аҳзоби сиёсӣ, ва созмонҳои байналмилаливу ғайридавлатие, ки дар шаҳри Кулоб мустақар ҳастанд, ширкат варзида, ҳамчунин барои ширкат дар конфронс масъули шӯъбаи интихоботи ҲНИТ В. Қосиддинов, Шоҳнаими Карим ва Убайдуллои Файзулло низ аз Душанбе ба Кӯлоб сафар карданд.

Раиси шуъбаи интихоботи ҲНИТ, В.Қосиддинов низ зимни сханронии худ дар бораи қонунҳои аслӣ ва вазъӣ суҳбат намуда таъкид кард, ки қонунҳои мавҷудаи кишвари мо бо вуҷуди камбудиҳои каме, ки доранд қонунҳои хубе ҳастанд, вале мушкили аслӣ дар ҷомеаи мо амалӣ шудани қонунҳо аст. Агар ҷомеаи мо аз “фармонмеҳварӣ” хориҷ шуда ба самти қонунмеҳварӣ пеш равад вазъият дигаргун хоҳад шуд.

Инчунин дар ин мизи мудаввар муовини раиси ҲНИТ дар минтақаи Кулоб Сафарали Зоиров сарқонуни кишварро яке аз беҳтарин сарқонунҳо дониста, тазодди бархе зерқонунҳо ва фармонҳоро бо сарқонун мушкили аслӣ арзёбӣ намуд. Ба ақидаи Зоиров бархе масъулин ба хотири ноогоҳӣ ё аз руи қасд фармону дастуротеро содир мекунанд, ки бо сарқонуни кишвар мухолифати ошкор доранд. Ҳатто бархе зерқонунҳои аз тарафи парлумони кишвар ба тасвибрасида низ бо сарқонуни кишвар дар тазоди ошкор қарор доранд.

spot_imgspot_img

Популярное