Вохӯрии Убайдуллоев бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Маскав

Дар ҳошияи сафар ба Русия раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев чанде қабл дар шахри Маскав бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Русия муддати 4 соат мулоқот орост. Тавре ба «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов аз шаҳри Маскав хабар дод, дар ин мулоқот муовинони раиси палатаи болоии парлумони кишвар, раисони […]

Аваз Юлдошев



Дар ҳошияи сафар ба Русия раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев чанде қабл дар шахри Маскав бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Русия муддати 4 соат мулоқот орост.

Тавре ба «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов аз шаҳри Маскав хабар дод, дар ин мулоқот муовинони раиси палатаи болоии парлумони кишвар, раисони вилоятҳои Суғду ВМКБ Абдураҳмон Қодирӣ ва Шодихон Ҷамшед, муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон, роҳбарони чанде аз вазорату идораҳои кишвар ва ҳамчунин роҳбарони намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия, зиёиён, зодагони Тоҷикистон ва донишҷӯёни тоҷик низ ҳузур доштанд.

«Зимни мулоқот М.Убайдуллоев ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ ба намояндагони ҳукумати кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дод», – гуфт Саидов.

Ба гуфтаи ӯ, барои саҳм дар рушди кишвар М.Убайдуллоев аз номи раҳбарияти кишвар ба муҳоҷирони корӣ, роҳбарони диаспораҳо миннатдорӣ изҳор намуда, онҳоро ба риояи тартиботи будубош дар Русия, эҳтиром гузоштан ба расму оинҳои миллии ин кишвар, азхуд кардани забони русӣ ва огаҳӣ доштан аз таърихи кишвари будубош давъат намуд.

«Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ аз муҳоҷирони кории тоҷик дархост намуд, ки аз ҳар гуна даъватҳои ифротгароӣ, ки ба ноором кардани вазъ дар ватан нигаронида шудаанд, худро канор гиранд», – афзуд Саидов.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев

ба шаҳри Маскав сафар кард

.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.