ҲНИТ: Дар Тоҷикистон қонунҳо хубанд, мушкилот дар амалисозии онҳост

Дар толори шуъбаи ҲНИТ-и минтақаи Кӯлоб бахшида ба 20-умин солгарди сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми октябри соли ҷорӣ мизи гирд баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин нишаст намояндагони мақомоти шаҳрӣ, аҳзоби сиёсӣ, ва созмонҳои байналмилаливу ғайридавлатие, ки дар шаҳри Кулоб мустақар ҳастанд, ширкат варзида, ҳамчунин барои ширкат дар конфронс масъули шӯъбаи […]

ASIA-Plus



Дар толори шуъбаи ҲНИТ-и минтақаи Кӯлоб бахшида ба 20-умин солгарди сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми октябри соли ҷорӣ мизи гирд баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин нишаст намояндагони мақомоти шаҳрӣ, аҳзоби сиёсӣ, ва созмонҳои байналмилаливу ғайридавлатие, ки дар шаҳри Кулоб мустақар ҳастанд, ширкат варзида, ҳамчунин барои ширкат дар конфронс масъули шӯъбаи интихоботи ҲНИТ В. Қосиддинов, Шоҳнаими Карим ва Убайдуллои Файзулло низ аз Душанбе ба Кӯлоб сафар карданд.

Раиси шуъбаи интихоботи ҲНИТ, В.Қосиддинов низ зимни сханронии худ дар бораи қонунҳои аслӣ ва вазъӣ суҳбат намуда таъкид кард, ки қонунҳои мавҷудаи кишвари мо бо вуҷуди камбудиҳои каме, ки доранд қонунҳои хубе ҳастанд, вале мушкили аслӣ дар ҷомеаи мо амалӣ шудани қонунҳо аст. Агар ҷомеаи мо аз “фармонмеҳварӣ” хориҷ шуда ба самти қонунмеҳварӣ пеш равад вазъият дигаргун хоҳад шуд.

Инчунин дар ин мизи мудаввар муовини раиси ҲНИТ дар минтақаи Кулоб Сафарали Зоиров сарқонуни кишварро яке аз беҳтарин сарқонунҳо дониста, тазодди бархе зерқонунҳо ва фармонҳоро бо сарқонун мушкили аслӣ арзёбӣ намуд. Ба ақидаи Зоиров бархе масъулин ба хотири ноогоҳӣ ё аз руи қасд фармону дастуротеро содир мекунанд, ки бо сарқонуни кишвар мухолифати ошкор доранд. Ҳатто бархе зерқонунҳои аз тарафи парлумони кишвар ба тасвибрасида низ бо сарқонуни кишвар дар тазоди ошкор қарор доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.