Дар Брюссел С.Аслов мавқеи Тоҷикистонро оид ба вазъи Афғонистон баён кард

Рӯзи 21 октябри соли 2014 дар шаҳри Брюссел дар толори Институти Гёте Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинӣ дар мавзӯи “Чолишҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва паёмадҳои хуруҷи Нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният аз Афғонистон”, ки бо ибтикори муштараки Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва Бунёди “Hanns Seidel Stiftung” доир […]

ASIA-Plus



Рӯзи 21 октябри соли 2014 дар шаҳри Брюссел дар толори Институти Гёте Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинӣ дар мавзӯи “Чолишҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва паёмадҳои хуруҷи Нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният аз Афғонистон”, ки бо ибтикори муштараки Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва Бунёди “Hanns Seidel Stiftung” доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, зимни баромади худ C. Аслов мавқеи Тоҷикистонро доир ба вазъи имрӯзаи Афғонистон ва роҳҳои пешгирии чолишу хатарҳои минтақавиву глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, инчунин таҳкими ҳифзи сарҳадот ва эҳёи иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон иброз кард. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва кӯмак ҷиҳати истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон мебошад. 

Дар чорабинии мазкур Фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Янош Ҳерман, Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ Ҷеймс Аппатурай ва дигар ашхоси баландпояи созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ, сиёсатмадорон, корпуси дипломатии муқими ш. Брюссел, олимон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи аврупоӣ ширкат варзиданд.

Ҳамчунин дар ҳошияи чорабинии мазкур намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих” барпо гардид, ки зимни он Сироҷидин Аслов дар бораи таъриху фарҳанг ва санъати куҳани тоҷикон, инчунин имконоти васеи сайёҳии кишвар суханронӣ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.