Суғд: Ҳалокати духтарчаи 1-сола зери чархи автомашина

Бар асари як садамаи нақлиёт дар вилояти Суғд, ки дар натиҷаи беэҳтиётии ронанда рух дод, як духтарчаи 1-сола ба ҳалокат расид. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл дар қаламрави нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар Адрасмон ронандаи автомашинаи тамғаи Hyundai Porter Тошпӯлод Матмуродов дар пахлӯи автомашина қарор доштани духтарчаи […]

Мавлуда Рафиева



Бар асари як садамаи нақлиёт дар вилояти Суғд, ки дар натиҷаи беэҳтиётии ронанда рух дод, як духтарчаи 1-сола ба ҳалокат расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл дар қаламрави нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар Адрасмон ронандаи автомашинаи тамғаи Hyundai Porter Тошпӯлод Матмуродов дар пахлӯи автомашина қарор доштани духтарчаи 1-соларо надида, ӯро бо автомашинааш пахш мекунад, ки дар натиҷа духтарча аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди вилоят 257 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2013 – 240 ҳодиса) рух дода, бар асари он 87 нафар ҳалок (соли 2013 – 111 нафар) ва 274 нафар (соли 2013 – 245 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтаанд.

Дар ин давра бо иштироки кӯдакон 62 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2013 – 65 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 19 нафар ҳалок (соли 2013 – 19 нафар) ва 51 нафар кӯдакон (соли 2013 – 50 нафар) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.