Коршинос: Далелҳои нақзи озодии журналистон дар Тоҷикистон кофӣ аст

Корманди шуъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии Кумитаи ҳимоя аз журналистон Музаффар Сулаймонов бар ин назар аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳукуматдорон мунтазам журналистонро мавриди таъқиб қарор дода, озодии матбуотро поймол мекунанд. Дар мусоҳиба   ба радиои СММ номбурда дар ин робита изҳор намудааст, ки агар ба минтақа дар маҷмӯъ – Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Корманди шуъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии Кумитаи ҳимоя аз журналистон Музаффар Сулаймонов бар ин назар аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳукуматдорон мунтазам журналистонро мавриди таъқиб қарор дода, озодии матбуотро поймол мекунанд.

Дар

мусоҳиба

  ба радиои СММ номбурда дар ин робита изҳор намудааст, ки агар ба минтақа дар маҷмӯъ – Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон баҳо дода шавад, ин минтақаи ноозод аст.

Сулаймонов қайд кардааст, ки «агар ба қонуншиканиҳо дар ин самт дар панҷ кишвари минтақа бингарем, метавон гуфт, ки нисбат ба дигар кишварҳои ноозоди Осиёи Марказӣ тайи соли ахир дар Қирғизистон далелҳои фишор ба матбуот камтар ба мушоҳида расидаанд, вале бо ин далел наметавон Қирғизистонро кишвари озод барои матбуот унвон кард, зеро дар ин ҷо низ қонуншиканиҳо ҷой доранд».

«Қирғизистон ягона кишвар дар паҳнои пасошӯравист, ки дар он журналист ва ҳомии ҳуқуқро ба ҳабси абад махкум карданд. Ин шармандагист!», – иброз доштааст ӯ.

Ба андешаи коршинос, мақомҳои минбаъдаро Тоҷикистон ва сипас Қазоқистон ишғол мекунанд. «Ман намедонам, ки дар мусобиқа барои ҷойи охирин кӣ ғолиб меояд, Ӯзбекистон ё Туркманистон, ки дар ҳардуи ин кишварҳо матбуоти озод умуман вуҷуд надорад», – мутмаин аст Сулаймонов.

«Дар робита ба Тоҷикистон ҳарчанд ахиран он ҷо таъқибҳои шадид ба мисли кишварҳои ҳамсоя ба назар нарасида бошанд ҳам, метавон гуфт, ки қонуншиканиҳо дар ин самт кофӣ аст, – идома додааст ӯ. – Аз ҷумла дар Тоҷикистон ба сомонаҳои интернетӣ фишор оварда шуда, дастрасӣ ба онҳоро қатъ месозанд. Аксаран ин амалҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулода сурат мегиранд. Ҳамчунин дар кишвар таҷрибаи пешниҳоди давъо ба судҳо алайҳи журналистон ВАО-и мухолиф ба таври густарда роиҷ аст, вале мурофиаҳои оммавӣ нисбати ВАО ба монанди мурофиаҳое, ки мо дар Қазоқистону Ӯзбекситон шоҳид будем, дар Тоҷикистон ба мушоҳида нарасидааст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.