Ҷамъоварии беш аз 70%-и ҳосили пахта дар Тоҷикистон

Аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили пунбадона дар Тоҷикистон ба санаи 19-уми октябр беш аз 286 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки зиёда аз 70%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, феълан дар вилояти Хатлон – беш аз 200 ҳазор тонна, вилояти Суғд – 78 ҳазор тонна ва навоҳии тобеи […]

Пайрав Чоршанбиев



Аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили пунбадона дар Тоҷикистон ба санаи 19-уми октябр беш аз 286 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки зиёда аз 70%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, феълан дар вилояти Хатлон – беш аз 200 ҳазор тонна, вилояти Суғд – 78 ҳазор тонна ва навоҳии тобеи марказ – 8,3 ҳазор тонна ҳосили пахтаи имсола ҷамъоварӣ шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар ҷумҳурӣ имсол пунбадона дар майдони беш аз 177 ҳазор гектар кишт шудааст. Тибқи пешгӯиҳо, соли равон ҷамъоварии зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст. Маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ даҳаи сеюми моҳи август шурӯъ шуда буд.

Соли гузашта пунбадона дар майдони 192 ҳазор гектар кишт шуда, 395 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.